Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ситезаҷӯён барои ишғоли мавзеъҳои шарқии Кӯбонӣ ноком шуд


Нерӯҳои курд бо мусоидати ҳавопаймоҳои низомии Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ҳамлаи шадиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Кӯбонии Сурияро баргардониданд. Идрис Нисен. як мансабдори курднажоди Сурия, рӯзи 19 октябр ба хабаргузориҳо гуфт, ки ситезаҷӯён рӯзи шанбе аз шарқ ба Кӯбонӣ ҳамлаи шадид карданд ва аммо ноком шуданд. Ӯ афзуд, минтақаи марз бо Туркия, ки тавассути он сокинони Кӯбонӣ метавонистанд аз шаҳр фирор кунанд, аз миномётҳо гулулаборон мешавад. Бар пояи хабарҳо, бархе аз миномётҳо дар марзи Туркия таркиданд.

Дар ҳамин ҳол низомиёни амрикоӣ хабар доданд, ки шурӯъ аз рӯзи 17 октябр тавассути ҳавопаймоҳо ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар шаҳри Кӯбонии Сурия ва ба як коргоҳи бузурги нафти таҳти назорати ин гурӯҳ дар Ироқ 25 бор зарба заданд.

Рӯзи якшанбе Испания эълом дошт, ки ҳамин сол ба тамрини нерӯҳои ироқӣ барои мубориза бо ситезаҷӯён шурӯъ мекунад.

XS
SM
MD
LG