Пайвандҳои дастрасӣ

Миёни эътирозгарон ва полиси Ҳонгконг боз бархӯрд ба амал омад


Дар Ҳонгконг шаби ҷумъа ба шанбе бархӯрдҳои нав миёни эътирозгарон ва кормандони полис ба вуқӯъ пайвастанд. Полис алайҳи тазоҳургарон аз калтак ва газ истифода бурд, 26 нафар боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, ки дар натиҷаи бархӯрдҳо 15 тан аз кормандони ҳифзи тартибот осеб диданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, субҳи рӯзи 18 октябр эътирозгарон дубора кӯчаҳои минтақаи Монгкокро бастанд - як рӯз пеш мақомот ин кӯчаҳоро аз сангарҳову хаймаҳои эътирозгарон пок карда буданд. Дар изҳороти гурӯҳи Occupy Central гуфта шудааст, ки барчидани сангарҳо бо амри ҳукумат боиси эътирозҳои нав ва батра шудани муносибати пулис бо шаҳрвандон мешавад.

Ширкаткунандагони тазоҳуроте, ки дар Ҳонгконг охирҳои моҳи гузашта шурӯъ шуд, талаб доранд, ки соли 2017 дар Ҳонконг интихоботи мустақими раҳбари маъмурияти ин минтақаи таҳти назорати Чин баргузор шавад. То имрӯз раҳбари маъмурият аз сӯи коллегияи интихобкунандагон, як ниҳоди аз сӯи Пекин таъсисшуда, таъин мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG