Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ва Киев дар баҳси газ ба пешрафт муваффақ шуданд


I

I

Украина ва Русия дар бораи пешрафт дар “баҳси газ” миёни ду кишвар хабар доданд. Барои ҳалли ин қазия Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина ва ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар шаҳри Милани Италия се бор бо ҳам музокирот карданд.

Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо Порошенко ба хабарнигорон гуфт, “мо баъзе пешравиҳо даст ёфтем, аммо резакориҳое мондаанд, ки бояд баъдан баррасӣ шаванд”. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки созиши ниҳоӣ қабл аз нишасти сегона – Украина, Русия, Иттиҳодияи Аврупо оид ба ҳалли мушкили газу ҳосил хоҳад шуд. Қарор аст, ки ин нишаст рӯзи 21 октябр дар Брюссел баргузор шавад.

Владимир Путин ҳам гуфт, ки имзои созиши ниҳоӣ наздик аст, аммо Украина бояд маблағи қарзҳои пешина барои гази истифода кардаашро пардозад.

Сарвари Русия ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия дод, ки ба Украина барои пардохти қарзаш кӯмак кунад ва афзуд, аз ин баъд Русия ба Украина бидуни пардохти маблағ қарз нахоҳад дод.

Ба гуфтаи Александр Новак, вазири энерҷии Русия, Киев бj қимати 385 доллар барои ҳазор метри мукааби газ дар давраи зимистон розӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо нақшаи пардохти қарзи Украина аз Русияро низ ҳамоҳанг карданд.

XS
SM
MD
LG