Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркия парвандаи фасод дар доираҳои ҳукуматӣ баста шуд


Додситонии Туркия дар бораи қатъи парвандаи пурсару садои фасод дар ҳалқаҳои ҳукуматӣ тасмим гирифт. Ифтитоҳи ин парванда мунҷар ба истеъфои се вазири ҳукумати Раҷаб Таийб Эрдуғон шуда буд.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 18 октябр хабар доданд, ки дар робита ба ин парванда 53 мансабдор боздошт шуда буд, аммо, ба иттилои додситонӣ, муфаттишон дар бораи даст доштани онҳо дар фасод далели мӯътамад пайдо накарданд.

Моҷаро моҳи декабри соли гузашта баъд аз он бархост, ки фарзандони ду вазир дар ришватситонӣ айбдор шуданд.

Раисиҷумҳури Туркия ва раиси вақти ҳукумат Раҷаб Тайид Эрдуғон изҳор карда буд, ки парвандаи фасод ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафаш – аз мақом барканор кардани ӯст. Ӯ шахсан дастур дод, ки чанд тан аз додситонҳои барояш номатлуб аз тафтиши ин парванда канор гузошта шаванд. Эрдуғон ҳамчунин талош намуд то фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоеро, ки дар бораи ҳукумат асноди “сиёҳкунанда” нашр мекунанд, дар қаламрави Туркия қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG