Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар низоъ дар шарқи Украина 3707 нафар ҷон бохтааст


Ба иттилои СММ, теъдоди қурбониён дар ҷанги миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина ба 3707 нафар расид. Идораи СММ оид ба ҳамоҳангсозии ёриҳои башарӣ рӯзи 17 октябр хабар дод, ки ҳафтаи гузашта бар асари даргириҳо 25 нафари дигар ҷон бохт.

Дар шаш моҳи низоъ дар шарқи Украина, ба иттилои ин ниҳоди СММ, 9075 тан аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Бар пояи гузориш, дигар созмону манбаъҳо теъдоди қурбониёнро бештар мехонанд.

Идораи СММ оид ба ҳамоҳангсозии ёриҳои башарӣ ҳамчунин хабар дод, ки тақрибан 842 ҳазор нафар минтақаи даргириҳои тарк намуданд ва тақрибан нисфи онҳо дар Русия ва боқимонда дар дигар манотиқи Украина муқимӣ шуданд.

Ҷанг дар Украина миёнаҳои моҳи апрел шурӯъ шуд - нерӯҳои ҳукуматӣ талош карданд, ки марказҳои вилоятҳои Донетску Луҳанскро, ки аз сӯи ҷудоихоҳон ишғол шуда буданд, озод кунанд.

Оташбасе, ки аввалҳои моҳи сентябр миёни ҷонибҳои даргир ҳосил шуд, оташи ҷангро дар баъзе манотиқ хомӯш кард.

XS
SM
MD
LG