Пайвандҳои дастрасӣ

Прошенко дар бораи "пешравӣ" сӯҳбат кард


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, дар ҷараёни музокироти Милан роҷеъ ба интиқоли газ аз Русия “каме пешравӣ” ба даст омадааст. Вай ин нуктаро дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Осиёву Аврупо изҳор доштааст.

Дар ин мулоқот Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ширкат доштанд.

Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кардааст ва аз Киев тақозо дорад, ки миллиардҳо доллар пардохт кунад. Порошенко гуфт, ки роҷеъ ба нукоти аслии қарордоди нав бо Маскав ба тавофуқ расидаанд ва акнун бояд дар бораи наҳваи пардохти он баррасиҳо идома ёбанд.

Путин ҳам музокиротро “хуб” арзёбӣ кард, дар ҳоле ки Франсуа Олланд бар ин ақидааст, ки тақрибан “тавофуқ” ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG