Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ниқобпӯшҳо ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед-88”


Як гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш тақрибан соати 2-3-и шаб ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Умед-88” воқеъ дар кӯчаи Шестопалов бо корду чӯбдастҳо ошкоро ба кормандони коргоҳи мазкур ҳамла бурда маблағи хазинаи онро рабудаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикитсон 17 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афроди мусаллаҳи номаълум дар оғоз кормандони кормандони ин нуқтаро латту куб кардаанд.

Онҳо аз ҷумла, кормандони ин нуқта Дамир Каримов-сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Пирзода Кароматулло-сокини ноҳияи Ваҳдатро бо зарби корд захмӣ намуда, дӯкони хазинаро шикаста, аз он ҷо беш аз 4000 сомонӣ бо худ бурдаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуянд,ки феълан афроди гумонбар дар ин амал шаҳрвандон Абдуллоев Фарҳод, Мустафоқулов Баҳрулло, Назаров Мурод, Сиёвуши Одилҷон сокинони ноҳияи Ҳисор ва Баҳодуров Эмомиддин-сокини шаҳри Душанберо дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG