Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравҳо аз баъзе қисмҳои Кубонӣ ақиб зада шуданд


Мақомоти курд ва фармондеҳони онҳо мегӯянд, ки тундравҳои Давлати Исломӣ аз баъзе қисматҳои шаҳри Кубонии Сурия воқеъ дар марз ба ақиб зада шудаанд. Як мақоми расмӣ дар Кубонӣ гуфт, 16 октябр баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои зери фармондеҳии Амрико акнун тундравҳо камтар аз 20 дарсади шаҳри Кубониро дар даст доранд.

Пеш аз ин тундравҳо мегуфтанд, ки онҳо 40 дарсади шаҳрро ба тасарруфи худ даровардаанд. Шаҳри Кубонӣ дар наздикии марз бо Туркия қарор дорад.

Нируҳои ҳампаймони Амрико дар ин авохир барои дифоъ аз нируҳои курдҳо ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз карданд. Низомиёни Амрико мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои онҳо 14 -15 октябр 14 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

15 октябр вазорати дифои Амрико гуфт, ки дар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ садҳо нафар тундравҳо кушта шуданд, вале ҳанӯз имкони суқути шаҳри Кубонӣ аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG