Пайвандҳои дастрасӣ

Путин бо раҳбарони Аврупо ва Порошенко мулоқот кард


17 октябр Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ҳангоми сарфи субҳона бо раҳбарони Аврупо ва Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мулоқот кард. Шаби гузашта дар ҷараёни мулоқот бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон онҳо натавонистанд дар бораи бӯҳрони Украина ихтилофотро аз миён баранд.

Бӯҳрони Украина ба мулоқоти дурӯзаи раҳбарони Осиё ва Аврупо соя афкандааст. Бо вуҷуди оташбаси миёни нируҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи ин кишвар даргириҳо ҳанӯз идома доранд ва Ғарб мегӯяд, ки Русия ҷудоихоҳонро бо аслиҳа таъмин ва аз ҷудоихоҳон ҳимоят мекунад.

Дар ҷаласаи субҳона Путину Меркел, Порошенко, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, Дэвид Камерон-нахуствазири Британия, Маттео Рензӣ-нахуствазири Италия ширкат карданд. Ҳерман Ван Ромпу ва Хосе Мануел Барозо-мақомоти Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин мулоқот ҳузур доштанд. Ин ду мақоми аврупоӣ акнун баъд аз хатми мӯҳлат мақомашонро тарк хоҳанд кард.

Аксҳое, ки аз мулоқоти тӯлонии Путин ва Меркел ба нашр расидаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар ду бо чеҳраи гирифта бо якдигар сӯҳбат мекунанд.

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, то ҳол нуқтаи назарҳои ҷиддан мухталиф роҷеъ ба решаҳои муноқишаи дохилии Украина боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG