Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ бо Standard&Poor’s созишнома ба имзо расонд


Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди фазои сармоягузорӣ бо Оҷонсии байналмиллӣ рейтингии Standard&Poor’s созишнома ба расонид. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 17 окттябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов бо мудири Рушди Оҷонсии мазкур Елена Елисенко созишномаҳои ҳамкорӣ бо Оҷонсии байналмилалии рейтингии Standard&Poor’s-ро ба имзо расониданд. Бонки милии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асосии ин созишнома, Standard&Poor’s вазъи иқтисодӣ ва масоили амнияти иҷтисодии кишварро баҳогузорӣ хоҳад кард, ки дар амри ҷалби кишварҳо ва созмонҳои сармоягузор ба Тоҷикистон гузоришҳои ин оҷонсӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Бонки милии Тоҷикистон барои ҷалби ҳамкорӣ бо Оҷонсии рейтингии байналмилалии Moody’s низ музокира пеш мебарад ва дар назар аст дар ояндаи наздик ин созишнома ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG