Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин паради низомӣ дар Белград дар сӣ соли ахир


Дар Белград, пойтахти Сербия, бори аввал дар 30 соли ахир паради низомӣ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳузур дошт. Парад ба шарафи 70-умин солгарди аз сӯи Артиши Сурх ва партизанҳои Югославия аз Олмони нозӣ озод кардани Белград дар соли 1944 бахшида шуд.

Тантанаҳои ҷашнӣ ва паради низомӣ ба хотири сафари расмии Путин чаҳор рӯз пештар баргузор шуданд. Раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе вориди Сербия шуд.

Владимир Путин дар суханронияш дар паради низомӣ аз саҳми Русия ва Югославия дар мубориза бо фашизм ёдовар шуд ва даъват намуд, ки ба талошҳои аз нозиҳо қаҳрамон сохтан муқобила кунанд.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Сербия Томислав Николич ба Владимир Путин ордени Ҷумҳурии Сербия дараҷаи якро эъто кард.

XS
SM
MD
LG