Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЕФА созмонҳои футболи Сербия ва Албанияро муҷозот мекунад


УЕФА – Иттиҳодияи созмонҳои футболи Аврупо алайҳи Иттиҳодияи футболи Сербия ва Анҷумани футболи Албания барои халалдор кардани бозии футбол миёни ду даста дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобии чемпионати Аврупо-2016 парвандаи маъмурӣ боз кард. Қарор аст, ки тасмими УЕФА дар ин бора рӯзи 23 октябр содир шавад.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи Сербия ва Албания рӯзи 14 октябр дар шаҳри Белград баргузор шуд. Дар дақиқаи 43-юми бозӣ дар болои майдон як ҳавопаймои хурди бесарнишин бо парчами ба истилоҳ “Албания бузург” пайдо шуд. Муҳофизатгари дастаи соҳибони майдон Стефан Митрович ҳавопаймои хурдро пойин кашид ва баъд аз он миёни бозингарону намояндагони ду даста бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Довари бозӣ Мартин Аткинсон бозиро қатъ кард. Бар пояи тасмими УЕФА, ҳарду даста бояд то рӯзи 22 октябр рафтори худро ташреҳ кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе дар расонаҳо иттилое пайдо шуд, ки гӯё ҳавопаймои хурдро бародари нахуствазири Албания Олсӣ Рама идора мекард ва полис ӯро боздошт ва баъдан раҳо кардааст. Аммо Рама даст доштанаш дар ин қазияро рад намуд.

XS
SM
MD
LG