Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар хобгоҳ, дар рӯ ба рӯи бозори Султони Кабир


Баъд аз зуҳри 16 октябр дар бинои хобгоҳе, ки дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” ва дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омада, забонаи оташ ба ошёнаи чоруми ин бино печидааст. Иллати сӯхтор дар бинои хобгоҳ ҳанӯз маълум нест.

Вале масъулони Идораи оташнишонии шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тақрибан якуним соат пештар дар бинои ин хобгоҳ, ки дар он ҷо аслан хонаводаҳои мардуми камбизоат зиндагӣ мекунанд, ба амал омадааст. Мусоҳиби мо аз Идораи оташнишонӣ гуфт, феълан ба ҷои ҳодиса чаҳор мошин фиристода шудааст.

Шоҳидони айнӣ ҳам мегӯянд, бо вуҷуди талоши гуруҳҳои оташнишонӣ ва мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ забонаи оташ ба ошёнаҳои баландтар мебарояд. Ба қавли онҳо, сокинони хобгоҳ зуд огоҳ шуда, биноро тарк кардаанд ва ҳанӯз аз талафот иттилое дода нашудааст.

Хобгоҳи мазкур дар замони Шӯравӣ марбут ба Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон марбут буда ва аз соли 1994 ба ин тараф дар он ҷо асосан мардуми камбизоат зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG