Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони барандаи ҷоизаи Сахаров мавқуф гузошта шуд


Тасмим дар бораи эътои ҷоизаи озодии афкор ба номи Сахаров то рӯзи 21 октябр мавқуф гузошта шуд. Қарор буд, ки Парлумони Аврупо барандаи ин ҷоизаро рӯзи 16 октябр эълон кунад. Аммо, ба гуфтаи раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс, вакилон вақти зиёди худро сарфи баррасии номзадҳо ба ҳайати нави Комиссиюни Аврупо карданд, аз ин рӯ барои эълони барандаи ҷоизаи Сахаров фурсат наёфтанд.

Ба феҳристи ниҳоии ҷоиза, ки маблағаш 50 ҳазор евро мебошад, ҳаракати ғарбгарои “Евромайдон”-и Украина ва ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон Лайло Юнус шомиланд. “Евромайдон” аз сӯи ҷонибдорони гароиши Украина ба Иттиҳодияи Аврупо таъсис ёфт ва зери таъсири он моҳи феврали соли равон раисиҷумҳур Виктор Янукович аз мақомаш барканор шуд.

Лайло Юнус, ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон, дар ҳимоят аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таҳияи феҳристи маҳбусони сиёсӣ дар кишвар маъруф аст. Ӯ ва шавҳараш бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар боздоштгоҳ қарор доранд. Рӯзи 15 декабр вазорати умури хориҷии Амрико аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ин ҳомиёни ҳуқуқи башари озарй муддати тулонӣ дар маҳбас ба сар мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG