Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин меҳмони фахрии паради низомӣ дар Белград мешавад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе бо як сафари давлатӣ вориди Сербия шуд. Қарор аст, ки ӯ дар Белград бо мансабдорони серб дидору гуфтугӯ кунад ва ҳамчун меҳмони фахрӣ дар нахустин дар тақрибан сӣ соли ахир паради низомӣ ба шарафи озодкунии Белград аз Олмони нозӣ дар соли 1944 ширкат намояд. Мақомоти Сербия ба хотири сафари Путин баргузории ин ҷашнро чаҳор рӯз пеш бурданд.

Владимир Путин дар арафаи сафараш ба Сербия дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Политика”, чопи Белград, гуфт, ки талошҳои Ғарб барои фишор болои Русия бино ба бӯҳрони Украина ба эътидоли авзоъ дар ин кишвар мусоидат намекунад ва баръакс муколамаро ба мушкил мувоҷеҳ месозад. Дар ин мусоҳиба Путин ба ИМА тавсия додааст то аз тавтеъа алайҳи Русия даст бардорад. Ҳамзамон сарвари Русия омодагии Маскав барои ҳамкории созанда бо кишварҳои аврупоиро эълом дошт.

Аз нигоҳи Владимир Путин, барои истиқрори сулҳ дар Украина муколамаи миёни нерӯҳои сиёсӣ ва минтақаҳои кишвар ва дар чаҳорчӯби он баррасии сохтори конститутсионии Украина зарур аст.

XS
SM
MD
LG