Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии 24 ҳазор доллар аз "ТЕЦ"-и Душанбе


Маъмурони пулиси Душанбе як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро боздошт кардаанд, ки аз Корхонаи воҳиди давлатии обу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳудуди 24 ҳазор доллар ва васоили техникиро рабудаанд. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии пойтахт гуфт, боздошти аъзои ин гурӯҳ рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, дар миёни аъзои ин гурӯҳ як шаҳрванди Чин бо номи Санҷар низ будааст, ки барои ворид шудан ва дуздии корхонаи мазкур нақши роҳнаморо бозидааст. Ин корхона бо сармояи Чин дар Тоҷикистон бунёд шуда, кори сохтмонаш ба уҳдаи коргарони тоҷику чинӣ буд.

XS
SM
MD
LG