Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду раҳбари аршади шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон


Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва писараш Насриддин (акс аз бойгонӣ)

Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва писараш Насриддин (акс аз бойгонӣ)

Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 16 октябр дар бораи бозошти ду тан аз раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ хабар дод. Кобул ин шабакаро дар ташкили чандин ҳамлаи пурқурбонӣ ва одамрабоӣ дар қаламрави Афғонистон айбдор мекунад.

Ҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон, гуфт, ки Анос Ҳаққонӣ, писари поягузори шабака Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва Ҳафиз Рашид, яке аз фармондеҳони аршади шабака дар вилояти Хуст, воқеъ дар шарқи кишвар, боздошт шудаанд. Ӯ афзуд, ки Анос Ҳаққонӣ дар тасмимгириҳои стратегии шабака ва ҷамъоварии сармоя нақши калидӣ дорад.

Шабакаи Ҳаққонӣ аз шарикони асосии ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” дар набард бо нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва низомиёни НАТО маҳсуб мешавад. Ин шабака солҳои 80-ум ба хотири мубориза бо низомиёни шӯравӣ дар Афғонистон таъсис шуда буд.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари феълии ҷунбиш, мавриди ҷустуҷӯи ИМА қарор дорад ва барои боздошти ӯ 10 милион доллар ҷоиза таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG