Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Ҳонконг эътирозгаронро пароканда кард


Полиси Ҳонконг алайҳи эътирозгароне, ки мехостанд шоҳроҳ дар канори шаҳрдориро банданд, аз газ истифода бурд. Садҳо нафар рӯзи 16 октябр дар маҳаллаи марказии Ванчай дар канори бинои полиси шаҳр ҷамъ омада шарҳи латукӯби яке аз эътирозгарон аз сӯи кормандони полисро талаб карданд. Бар пояи хабарҳо, одамон барои ироаи шикоят дар робита ба ин ҳодиса навбати тулониро ташкил намуданд.

Раҳбари маъмурияти Ҳонконг Лян Чжэнин рӯзи панҷшанбе изҳори умедворӣ кард, ки музокирот миёни ҳукумат ва донишҷӯёни талабгори ислоҳоти демократӣ ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешаванд. Охири моҳи гузашта муовини раиси Ҳонконг Керри Лам музокирот бо донишҷӯёнро қатъ кард ва эълом дошт, ки музокироти созанда бо онҳо ғайримумкин аст.

Ширкаткунандагони тазоҳуроте, ки дар Ҳонконг охирҳои моҳи гузашта шурӯъ шуд, талаб доранд, ки соли 2017 дар Ҳонконг интихоботи мустақими раҳбари маъмурияти ин минтақаи таҳти назорати Чин баргузор шавад. То имрӯз раҳбари маъмурият аз сӯи коллегияи интихобкунандагон, як ниҳоди аз сӯи Пекин таъсисшуда, таъин мешавад.

XS
SM
MD
LG