Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Аврупо барандаи ҷоизаи Сахаровро эълон мекунад


Қарор аст, ки Парлумони Аврупо рӯзи 16 октябр барандаи ҷоизаи озодии афкор ба номи Сахаровро эълон кунад. Ба феҳристи ниҳоии ҷоиза, ки маюлағаш 50 ҳазор евро мебошад, ҳаракати ғарбгарои “Евромайдон”-и Украина ва ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон Лайло Юнус шомиланд.

“Евромайдон” аз сӯи ҷонибдорони гароиши Украина ба Иттиҳодияи Аврупо таъсис ёфт ва зери таъсири он моҳи феврали соли равон раисиҷумҳур Виктор Янукович аз мақомаш барканор шуд.

Лайло Юнус, ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон, дар ҳимоят аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таҳияи феҳристи маҳбусони сиёсӣ дар кишвар маъруф аст. Ӯ ва шавҳараш бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар боздоштгоҳ қарор доранд. Рӯзи 15 декабр вазорати умури хориҷии Амрико аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ин ҳомиёни ҳуқуқи башари озарй муддати тулонӣ дар маҳбас ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG