Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастгир шудани марди муттаҳам ба таҷовузи духтари 5-сола


Намозалӣ Сатторов

Намозалӣ Сатторов

Намозалӣ Сатторов, сокини ноҳияи Восеъ, ки ба таҷовузи духтари панҷсола муттаҳам шуда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, аз сӯи кормандони Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Хатлон дар Душанбе боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, Сатторовро ҳангоме ки мехост дар хонаи яке аз хешовандонаш дар Душанбе паноҳ бубурад, сокинон дида, онҳоро дар ҷараён гузоштаанд.

Намозалӣ Сатторов ба он айбдор мешавад, ки баъд аз фирор аз зиндони “Кирпичний” духтари панҷсолаеро аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Қаблан Додситонии вилояти Хатлон амри ҷустуҷӯи ин маҳбуси фирориро содир карда, аз сокинон барои боздошташ кумак хоста буд.

Салимзода Саид Восӣ, муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Намозалӣ Сатторов баъд аз фирораш аз зиндон ба Қӯрғонтеппа рафта, бо Гулбаҳор Зокирова шинос мешавад. “Ин зан, ки аз шавҳараш бо ду кӯдак ҷудо шуда будааст, дархости ин ҷавон барои зиндагии муштаракро қабул мекунад, аммо Сатторов пеш аз Иди Қурбон бо баҳонаи ба тартиб даровардани мӯйи сари Зулайхо Зокирова, духтари 5-солаи ин зан ва Муҳаммадҷон Зокирови 3-сола онҳоро аз хона берун мебарад. Писарро назди сартарош гузошта, духтарро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар миёни киштзоре ба номусаш таҷовуз мекунад”,-гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо аз Досдитонии вилояти Хатлон афзуд, кӯдакро дар ҳоли беҳушӣ сокинон пайдо карда, ба мақомот хабар медиҳанд. Пас аз гирифтани хулосаи ташхис додситонии вилояти Хатлон нисбат ба Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаи 130 қисми 3 (дуздидани кӯдаки ноболиғ); 138 қисми 3, банди “А” (таҷовузи кӯдаки ноболиғ) парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG