Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама бо раҳбарони чор кишвари Аврупо конфронси видеоӣ дошт


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо раҳбарони Британияву Олмон ва Фаронсаву Италия конфронси виддеоӣ дошт ва дар зимн масъалаҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла мубориза бо тундравҳои Давлати Исломиро баррасӣ кард.

Пеш аз ин Обама аз муҳосираи шаҳраки Кубонии Сурия ва аз пешравии тундравҳои Давлати Исломӣ дар вилояти Амбори Ироқ изҳори нигаронӣ карда буд.

Раиси ҷумҳури Арико пешгӯӣ кард, ки маъракаи зидди гурӯҳҳои тундрав барои муддати тӯлонӣ дар назар гирифта шудааст ва ин маърака то замоне давом хоҳад кард, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш Давлати Исломиро аз байн бибаранд ва таҳдиде аз онҳо дигар дар минтақаву дар ҷаҳон боқӣ намонад.

Эътилофи ҳавоии зери фармондеҳии Амрико рӯзҳои 14-15 октябр барои ҳимоят аз нируҳои курд дар атрофи шаҳри Кубонӣ 18 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Ҳавопаймоҳои зери фармондеҳии Амрико ҳамчунин мавозеи нируҳои тундрави исломӣ дар Ироқро дар наздикии шаҳри Амируллоҳ ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG