Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Порошенко бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд


Интизор меравад, ки ҳафтаи ҷорӣ бӯҳрони Украина дар мулоқоти раисони ҷумҳури Русияву Украина Владимир Путин ва Петро Порошенко дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад.

Кохи Кремл дар изҳороти худ гуфтааст, ки ду раҳбар изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Аврупову Осиё дар Милани Италия рӯзҳои 16-17 октябр дар бораи масъалаи интиқоли гази табиӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Юрий Ушаков-мушовири умури хориҷаи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки 16 октябр Путин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мулоқот мекунад ва дар ин мулоқот раҳбарони дигар ҳам даъват мешаванд.

Моҳи июн ширкати давлатии “Газпром”-и Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кард ва гуфт, ки ин кишвар натавонистааст қарзи худро бипардозад. Украина Русияро муттаҳам кард, ки нархи газро барои масъалаҳои сисёсӣ боло бурдааст.

Мубоҳисоти газ ва муноқишаи миёни нируҳои Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина Иттиҳодияи Аврупоро аз интиқоли газ нигарон кардааст. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз се як ҳиссаи гази худро аз Русия мегиранд. Нисфи он аз қаламрави Украина интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG