Пайвандҳои дастрасӣ

Порламони Қирғизистон таблиғи ҳамҷинсгароиро мамнуъ медонад


Порламони Қирғизистон дар қироати аввал пешнависи қонун дар бораи мамнуъ кардани «таблиғи ҳамҷинсгароӣ»-ро ба тасвиб расонд. Қурмонбек Дийканбаев-намояндаи порламон ба Радиои Озодӣ гуфт, 79 нафари намояндагони порламон ба ҷонибдорӣ аз манъи таблиғи ҳамҷинсгароӣ рай доданд. 7 нафари онҳо райи мухолиф доданд.

Бояд ду дафъаи дигар дар ду қироат намояндагон ба он рай диҳанд, танҳо дар он сурат раиси ҷумҳур дар он имзо мегузорад. Дар пешнависи ин қонун омадааст, ки барои таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар Қирғизистон як соли ҳабс пешбинӣ мешавад.

Дар он гуфта мешавад, рӯзноманигороне ҳам, ки ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунанд, ба масъулият кашонда мешаванд. Қонун ташкили гурӯҳҳои дифоъ аз ҳамҷинсгароёнро низ мамнуъ медонад.

Сафири Амрико дар Бишкек изҳори нигаронӣ кардааст, ки чунин кор ба ҳуқуқи башар дар Қирғизистон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG