Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, 15 октябр дар як ҳамлаи маргталабона 5 нафар кушта, 7 нафари дигар маҷруҳ шудааанд. Маргталаб ширкаткунандагони мулоқоти кормандони кумитаи сулҳро дар рустои Пир Мела дар минтақаи дурафтодаи қабиланишини Покистон ҳадаф қарор додааст. Ин русто дар 100 километрии ҷануби ғарби шаҳри Пешовар дар вулусволии Хайбар қарор дорад.

Мақомот мегӯянд, ки бамгузори маргталаб худро таркондааст ва дар ин таркиш намояндагон ва раҳбарони қабилаҳои зидди Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Хайбар дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон қарор дорад. Гурӯҳҳои тундрав, ки бо Толибон ва шабакаи Ал Қоида ҳамкорӣ мекунанд, дар ин минтақа ҳузури қаввӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG