Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми назорати электоронии марз ба Тоҷикистон ҳам омад


Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Нируҳои марзбонии кишварҳои муштаракулманофеъ низоми электронии табодули иттилоъот дар марзҳои якдигарро ба кор дароварданд. Ин низом дар марзҳои Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистону Тоҷикистон фаъол шудааст.

Генерал Александр Манилов-муовини фармондеҳи нируҳои марзбонии Русия ба матбуот гуфтааст, ки дар ояндаи наздик таҷҳозоти зарурии фаннӣ дар Узбакистон низ гузошта мешавад.

Манилов ҳамзамон раиси хадамоти ҳамоҳангии Шӯрои фармондеҳони нируҳои марзии кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ, тасмим дар бораи чунин ҳамкорӣ дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои мазкур гирифта шудааст.

Манилов гуфтааст, ки чунин низом имкон медиҳад, ки роҷеъ ба вазъи марзҳо маълумоти таъҷилӣ дастрас шавад, ба вижа дар бораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошанд.

Барои таҳлили маълумоти оперативӣ як гурӯҳи коршиносон дар Бишкек кор мекунанд ва хулосаҳои худро дар бораи вазъи марзҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамоянд. Онҳо нақши нозири марзҳоро хоҳанд дошт.

Маълумоти мазкур тавассути шабакаҳои махсус ё махфӣ дастрас мешавад.

XS
SM
MD
LG