Пайвандҳои дастрасӣ

Иловаҳо ба қонуни мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон


Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябр ба қонун дар бораи мубориза бо тероризм, қонун дар бораи милитсия ва қонун дар бораи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона, тағйирот ворид кард, ки чанд вақт боз дар баррасӣ қарор доштанд. Аз ҷумла тибқи лоиҳаи нави қонуни милитсия, ҳамакнун кормандони мақомоти интизомӣ иҷоза доранд, дар сурати ҳамлаи гурӯҳӣ ва мусаллаҳона аз ҷониби тазоҳургарон, онҳо аз силоҳ кор бигиранд. Дар матни қаблии қонуни мазкур ҳам, милиса иҷозаи истифода аз силоҳро дошт, аммо ба таври мушаххас муаяйн нашуда буд, ки дар кадом ҳолат метавонад аз он кор бигирад.

Вакилони парлумони Тоҷикистон, ки ахиран якбора ба 3 қонуни марбут ба амнияти кишвар ҳифзи тартибот тағйиру илова ворид карданд, мегӯянд, ислоҳот дар ин қонунҳо ҳеҷ рабте ба даъват ба гирдиҳамоии рӯзи 10 уми октябр надоранд ва ягона нигаронии ҷиддӣ ҳам дар ин маврид вуҷуд надорад. Саодат Амиршоева зимни муаррифӣ ин қонун гуфт, он бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавӣ аз ҷониби тазоҳургарон, ҳифзи анмияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрванданон аз амалҳои ғайриқонунӣ, қабул карда шудааст.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони кишвар мегӯяд, тағйирот дар қонунҳои марбут ба амнияти кишвар ягон рабте ба сару садоҳои ахир дар бораи ташкили гирдиҳамои дар маркази Душанбе рабт надорад. Ӯ бо ишора ба ин даъватҳо гуфт, аз тариқи интернет паҳн кардани ҳар гуна сару садо осон аст ва ин даъватҳо ҳам ҳеҷ асоси воқеӣ надоштанд, аммо дар робита ба омодагии ҷидии мақомот ва ташдиди тадобири бехатарӣ ӯ гуфт, «вақте ҳар гуна овоза пайдо мешавад, мардум ба таҳлука меафтанд ва ин вазифаи давлат аст, ки фикри амниятро кунад ва бехатарии мардумро таъмин кунад.»

Қонуни гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон дар соли 2011, дар пайи силсилаи эътирозҳои маъруф ба "Баҳори Араб", ки мунҷар ба тағйири режимҳои ҳоким дар чанд кишвари арабӣ шуд, мавриди бозбинӣ қарор гирифта буд. Бар асоси он тағйирот, ки дар роҳи ширкат дар тазоҳуроти эътирозӣ маҳдудиятҳои бештар эҷод мекард, муҷозот барои чунин аъмол дар Кодекси ҷиноиро ҳам шадидтар карданд. Аз он ба баъд барои "вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»(моддаи 160), ҷарима ба андозаи аз 250 то 360 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробари 10 000 - 14 400 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG