Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Порошенко сулҳи Украинаро баррасӣ карданд


Кохи Кремли Маскав мегӯяд, Владимир Путин ва Петро Порошенко-раисони ҷумҳури Русия ва Украина тадбирҳои имкондоштаро ба хотири барқарории сулҳ дар шарқи Украина баррасӣ карданд.

Кохи Кремл дар изҳороти худ ҳамчунин гуфтааст, ки ду раҳбар изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Аврупову Осиё дар Милани Италия рӯзҳои 16-17 октябр дар бораи масъалаи интиқоли гази табиӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Моҳи июн ширкати давлатии “Газпром”-и Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кард ва гуфт, ки ин кишвар натавонистааст қарзи худро бипардозад. Украина Русияро муттаҳам кард, ки нархи газро барои масъалаҳои сисёсӣ боло бурдааст.

Мубоҳисоти газ ва муноқишаи миёни нируҳои Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина Иттиҳодияи Аврупоро аз интиқоли газ нигарон кардааст. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз се як ҳиссаи гази худро аз Русия мегиранд. Нисфи он аз қаламрави Украина интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG