Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев қонун дар бораи Иттиҳодияи АвруОсиёро имзо кард


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар қонун роҷеъ ба ташкили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё имзо гузошт. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳурӣ 14 октябр хабар дод.

Александр Лукашенко ҳамтои беларуси вай чунин қонунро ҳафтаи гузашта ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 3 октябр имзо карда буданд.

Бар асоси ин паймон акнун аз 1 январ ба ҷои Иттиҳодияи Гумрукӣ бо ширкати ин кишварҳо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ташкил хоҳад шуд.

Маскав, ки ахиран ба таҳримҳои иқтисодии Ғарб дучор шудааст, ба кишварҳои Шӯравии пешин фишор меорад, ки зудтар ба узвияти ин иттиҳодия дароянд.

Раиси ҷумҳури Арманистон 10 октяб дар Минск қарордод дар бораи узвият дар ин иттиҳодияро имзо кард. Раиси ҷумҳури Қирғизистон низ изҳори умед кард, ки кишвараш ба ин иттиҳодия хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG