Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава" дар дарсгоҳи Коллеҷи тиббии Қӯрғонтеппа


Гурӯҳе аз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа бо изҳори норозигӣ гуфтанд, ки кормандони Комиссарияти ҳарбии вилоят субҳи рӯзи сешанбе вориди аудитория шуда, 5 нафар аз донишҷуёнро иҷборӣ ба хизмати артиш бурданд. Яке аз донишҷӯёни Коллеҷи тибии Қӯрғонтеппа, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи рӯзи сешанбе кормандони Комиссариати ҳарбӣ бидуни огоҳӣ вориди аудитория шуда, 5 нафарро иҷборӣ бурданд ва бархе донишҷӯён аз тарс худро аз тирезаи ошёнаи якум берун андохтанд. Ин донишҷӯ мегӯяд, агар худро аз тиреза берун намеандохт, иҷборӣ ба артиш бурда мешуд. Вай мегӯяд, ҳамроҳонаш тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд ва аз 1600 сомон то 2700 сомони барои як соли таҳсил пардохтаанд. Ба гуфтаи вай, устодони Коллеҷи тиббӣ аз донишҷуён пуштибонӣ намекунанд ва бетарафиро ихтиёр кардаанд.

Дар ҳамин ҳол декани факултети умумитиббии коллеҷ Чамангул Саломова гуфт, ки аз оғози моҳи октябр то кунун 9 донишҷӯ ба сафи артиш бурда шудаанд. Аммо дар робита ба шикояти донишҷӯён гуфт, ки комиссарияти ҳарбӣ онҳоеро ба артиш мебарад, ки синашон ба 21 расидааст ва ин мувофиқи қонунҳои ҷории кишвар аст. Вай гуфт, ки дар ҳақиқат аксари донишҷӯён бо низоми шартномавӣ таҳсил мекунанд ва вақте, ки ба Артиш бурда мешаванд, маблағи онҳо намесӯзад ва пас аз анҷоми хизмат, боз таҳсили худро идома хоҳанд дод.

Вале донишҷуёни Коллеҷи тиббии Қӯрғонтеппа мегӯянд, ки кормандони Комиссарияти ҳарбӣ ҳамарӯза дар даромадгоҳи коллеҷ меистанд ва донишҷӯёнро ному насаб намуда ва сину соли дониҷуёнро пурсида, иҷозаи вуруд ба синфхона медиҳанд. Аммо як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Қурғонтеппа мегӯяд, ки танҳо бо даъватнома (повестка) меоянд, ки дар он ному насаби донишҷӯ ва синну соли он зикр шудааст. Вай гуфт, ки бидуни даъватнома онҳо ба ин таълимгоҳ намеоянд.

XS
SM
MD
LG