Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳодисаҳои нохуш бо муҳоҷиронро баррасӣ мекунад?


14 октябр Думаи Давлатии Русия қарордодеро ба тасвиб расонд, ки тартиби расидагӣ ба ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолотро муайян мекунад. Ин қарордод ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дахл дорад, ки дар кишварҳои якдигар кор мекунанд.

Бино ба хабарҳо, ин қарордод дар қаламрави 5 кишвар, яъне Русия- Беларус, Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистон эътибор дорад.Ин санадро моҳи маи соли 2013 нахуствазирони кишварҳои узв дар ҷаласаи Шӯрои байнидадавлатии АвруОсиё имзо карда буданд.

Дар санадҳои иловагии вобаста ба ин қарордод гуфта мешавад, ки қарордоди кунунӣ аз қарордоде, ки дар чаҳорчӯбаи давлатҳои мушатракулманофеъ ба имзо расида буд, фарқ дорад, зеро дар қарордоди кунунӣ тартиби расидагӣ ба ҳодиса ва ба коргирӣ ба ононе низ дахл дорад, ки ба таври мустақил кор пайдо кардаанд ё ба таври дастаҷамъӣ ба кор сафарбар шудаанд.

То ҳол чунин қарордод танҳо ба ононе дахл дошт, ки ба таври расмӣ ба кор даъват мешаванд. Дар санад гуфта мешавад, чунин кор бо назардошти афзоиши муҳоҷирати корӣ аз давлатҳои АвруОсиё хеле муҳим аст.

XS
SM
MD
LG