Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 8-ум то 12-уми октябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чаҳор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 14-уми октябр аз Сеул хабар дод. Вай афзуд, «дар ин мусобиқа гуштигирони ҷавон (писарону духтарон) аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Мусобиқа дар иншооти варзишии «Seoul Student Gymnasium», ки дар он ҷо сабқати муштзанҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи соли 1988 барпо гардида буд, доир шуд.»
Ба иттилои Маҳмуди Абдулло дар сабқати наврасон Фирдавс Насимов дар вазни то 81 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Муҳаммадризо Қурбонов (-87 кг) ва Хуршед Маҷидов (+87 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати навҷавонон Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни то 74 кг барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Наврасон
Вазни то 81 кг
1. Антон СУРОВСЕВ (Русия)
2. Фирдавс НАСИМОВ (Тоҷикистон)
3. Илёр ҲОҶИМАМАДОВ (Узбакистан) ва Виктор КЛЯВУСОВ (Беларус)
Вазни то 87 кг
1. Султон АБДУЛЛОЕВ (Русия)
2. Иракли ГОГИЯ (Гурҷистон)
3. Григор САХАКЯН (Арманистон) ва Муҳаммадризо ҚУРБОНОВ (Тоҷикистон)
Вазни + 87 кг
1. Тамерлан БАШАЕВ (Русия)
2. Ҷаба МУМЛАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Никита СВИРИД (Беларус) ва Хуршед МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
Навҷавонон
Вазни то 74 кг
1. Алексей ШЕВЧУК (Русия)
2. Фарид ҲУМБАТЛИ (Озарбойҷон)
3. Муҳаммадҷон ЗОИДОВ (Тоҷикистон) ва Ҷамолбек Азилбек УУЛУ (Қирғизистон)
Ҳисоби дастаӣ
Наврасон
1. Русия
2. Гурҷистон
3. Узбакистан
Духтарон
1. Русия
2. Муғулистон
3. Беларус
Навҷавонон
1. Русия
2. Гурҷистон
3. Қазоқистон
Духтарон
1. Русия
2. Қазоқистон
3. Украина