Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо намояндагони 20 кишвар мулоқот мекунад


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико 14 октябр бо раҳбарони низомии тақрибан 20 кишвар дидор ва стратегияи зидди тундравҳои Далати Исломӣ дар Ироқу Сурияро баррасӣ мекунад.

Ин мулоқоти якрӯза зери раёсати генерал Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар пойгоҳи нируҳои ҳавоии мавсум ба Эндрю дар канори Вашингтон мегузарад.

Мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба эътилофи зери раҳбарии Амрико фишор меоранд, то аз пешравии гурӯҳи тундравҳои исломӣ пешгирӣ кунанд. 13 октябр тундравҳо вилояти Анборро дар ғарби Ироқ ба тасарруфи худ дароварданд ва акнун тамаркузи худро ба шаҳри Кубонии Сурия нигаронидаанд. Ин шаҳр дар наздикии марз бо Туркия аст.

Интизор меравад, ки дар мулоқот бо Обама намояндаи Туркия ва ҳамчунин кишварҳои арабие ширкат ҷӯянд, ки барои ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Амрико пайвастаанд. Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ҷумлаи чунин кишварҳо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG