Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, рӯзи панҷшанбеи 16 октябр бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, “Илҳом Алиев рӯзи 16 октябр вориди шаҳри Душанбе шуда ва пас аз маросими расмии қабул дар майдони Кохи Миллат нахуст бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯи як ба як анҷом медиҳад.”

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин музокироти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ширкати ҳайатҳои ҳар ду кишвар дар назар аст. Ин манбаъ афзуд, дар поёни музокироти ҳайатҳо чанд санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф миёни ду кишвар ба имзо расида ва раисони ҷумҳури Озарбойҷон ва Тоҷикистон изҳороти матбуотӣ хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон бо бархе дигар аз мақомҳои баландпояи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG