Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост барои кушодани қабри духтари Домулло Маъруфҷон


Вакил аз Созмони Авфи Байнулмилал талаб кардааст, то ҳукумати Узбакистонро барои боз кардани қабри Нилуфар Раҳимҷонова, ки дар зиндоне дар Тошканд даргузашт, маҷбур намояд.

Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова бо ирсоли нома ба Созмони Авфи Байнулмилал ё Amnesty International гуфтааст, ҳукумати Узбакистонро барои кушодани қабр ва ташхиси ҷасади Нилуфар Раҳимҷонова -- шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар зиндони “Зангиота”-и Тошканд даргузашта, баъдан дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд, водор намояд. Хонум Воҳидова дар номаи худ мегӯяд, иллати марги Нилуфар Раҳимҷонова дар зиндони Тошканд то ҳол маълум нест ва мақомоти Узбакистон ҳам ҷасади ӯро ташхис накарда ва ба наздиконаш дар Тоҷикистон насупурдаанд.

Ин вакили мудофеъ аз Созмони Авфи Байнулмилал хостааст, “инчунин ба наздикони Нилуфар Раҳимҷонова, аз ҷумла падару ҳамсар ва фарзандонаш бояд иҷоза дода шавад, ки қабри ӯро зиёрат кунанд. Дар сурати лозим, бояд ҷасадаш барои ба хок супоридан дар Тоҷикистон дода шавад”. Файзиннисо Воҳидова аз Авфи Байнулмилал талаб кардааст, то ин номаро ба Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ҳам ирсол намоянд.

Нилуфар Раҳимҷонова, духтари Домулло Маъруфҷон ва ҳамсари Сайидюнуси Истаравшанӣ -- муассиси пойгоҳи “Кимиёи саодат” дар оғози моҳи сентябр дар зиндони “Зангиота”-и Тошканд ба таври мармуз даргузашт. Қаблан Сайидюнуси Истаравшанӣ дар номаи худ ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта буд, “тамоми омилҳои мустақим ва ғайри мустақими қатли мазлумонаи ҳамсари азизам ва модари 4 фарзандамро ба додгоҳ бикашонанд ва муҷозоти муносиб барояшон дода бишавад. Пӯшида нест, ки авомили мустақими ин қатл, бозҷӯ ва раиси додгоҳ буда ва авомили ғайри мустақими он, шахси раисиҷумҳури Узбекистон ҷаноби Ислом Каримов аст.”

Ин донишманди тоҷик талаб кардааст, парвандаи, ба гуфтаи ӯ, ҷинояти нобахшиданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ шуда, он гоҳ Ислом Каримов дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима ва муҷозот шавад. “Бо ин ки медонам, дигар азизи ман барнамегардад ва фарзандонам ятим мондаанд, вале дар сурати таҳаққуқи ин амр ва муҷозот шудани афроди номбурда, дигар ҳеч зан ва ё марде дар ин кишвар ба ноҳақ ва бо иттиҳоми дурӯғин, маҳкум ба зиндон ва дар он ҷо кушта нахоҳад шуд”,-навиштааст ӯ.

Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки ҷасади Нилуфар Раҳимҷоноваро рӯзи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи "Зангиота" ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст. Ӯ дар соли 2011 барои ширкат дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба Тошканд меояд ва дар ҳамон ҷо дар моҳи августи ҳамон сол аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парванда боз мешавад. Тавре наздикони Нилуфар Раҳимҷонова дар ноҳияи Истаравшан мегӯянд, мақомоти амниятии Узбакистон бо Нилуфар сӯҳбат намуда, "пешниҳод" мекунанд, ки азбаски серфарзанд аст, агар аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон баромад карда, гӯяд, дар "урдугоҳҳои Эрон" таълим дидааст, озод хоҳад шуд.

Вай ба хотири озод шуданаш аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон ин ҳарфҳоро ба забон меорад, аммо мақомоти амниятии Узбакистон ба иловаи ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боз ҷурми «терроризм»-ро ба парвандаи Раҳимҷонова изофа карда, дар авоили соли 2012 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Нилуфар Раҳимҷонова то дами маргаш ин ҳукми тӯлониро дар зиндони занонаи «Зангиота»-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адо мекард. Сайидюнуси Истаравшанӣ дар номаи худ унвонии Созмони Милал гуфтааст, ҳаргиз ҳамсараш узви кадом гуруҳи террористӣ набуда, ба нафъи кадом давлате ҳам ҷосусӣ накардааст.

Узбакистон то имрӯз даҳҳо нафар ва аксаран зодагони Тоҷикистонро бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон дастгир ва равонаи зиндон кардааст. Охирин мавриди чунин боздоштҳо эълони ҳукми зиндони се зани сабукпо дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё буд, ки ба иддаои мақомоти амниятии Узбакистон, гӯиё тавассути ... танфурӯшӣ ба афсарони узбак дар бораи ин кишвар маълумоти сиррии низомӣ ҷамъ мекарданд.

Дар Тоҷикистон ҳангоми эълони иттиҳомот аз бурдани исми мушаххасан Узбакистон худдорӣ мекунанд, вале то имрӯз чандин нафар бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи "як кишвари ҳамсоя" маҳкум ба зиндон шудаанд. Маъруфтарин чунин қазияҳо парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" - як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, 5 корманди корхонаи "Востокредмет" ва ҳам полковники тоҷиктабори артиши Қирғизистон Муҳаммадӣ Салимзода, ки барои баргузории тӯйи арӯсии духтараш ба Тоҷикистон омада, дар инҷо бо ҷурми ҷосусӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд, мебошанд.

Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, мақараш дар Пориси Фаронса, мегӯяд, аксари ин парвандаҳои ҷосусӣ заминаи собите надоранд. Ба гуфтаи ӯ, як қурбонии чунин душмантарошиҳо Нилуфар Раҳимҷонова мебошад, ки 3 сол пеш бар асоси иттиҳомоти бофта маҳкум ба зиндон шуда буд.

XS
SM
MD
LG