Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Чин 12 нафарро маҳкум ба эъдом кард


Додгоҳи Чин рӯзи душанбе 12 нафарро барои ташкили куштор дар хиёбони вилояти Шинҷон-Уйғур ба эъдом маҳкум кард. Ҳукми 15 муттаҳами дигар мавқуф гузошта шуд. Ба иттилои расонаҳои давлатии Чин, моҳи июли соли равон ҳангоми ҳамла ба як қароргоҳи полис дар ноҳияи Шаша, ки бештар чун Ярканд маъруф аст, 37 сокини осоишта кушта ва 13 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин куштор хунбортарин баъд аз ҳамин гуна ҳамла дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷону Уйғур, дар соли 2009-ум гардид - он вақт ҳамла мунҷар ба ҳалокати 200 нафар шуда буд.

Хабаргузориҳо менависанд, ки ному насаби маҳкумшудагон хоси уйғурҳои маҳаллист. Телевизиони марказии Чин шоми 13 октябр муттаҳамон ва олоти ҷинояти онҳо - табарро нишон дод.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари уйғур фарзияи расмии ҳаводиси моҳи июлро зери шубҳа бурданд ва изҳор намуданд, ки нерҳои амниятии Пекин аз автомату туфангҳо истифода бурданд ва ин боиси қурбониҳои зиёд гардид.

XS
SM
MD
LG