Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полторак ба мақоми вазири дифоъи Украина пешбарӣ шуд


Степан Полторак
Степан Полторак

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи душанбе номзадии фармондеҳи Горди миллӣ Степан Полторакро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кард. Сарвари Украина дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар ин бора баъд аз сӯҳбатҳо бо генералҳо ва сарбозони артиши Украина тасмим гирифтааст.

Қарор аст, ки номзадии Степан Полторак ба мақоми вазири дифои Украина дар Верховная Рада рӯзи сешанбе, 14 октябр баррасӣ шавад.

Петро Порошенко рӯзи якшанбе истеъфои вазири дифоъ Валерий Ҳелетейро пазируфт. Дар сомонаи интернетии раисиҷумҳур гуфта шуд, Порошенко дарк намуд, ки замони иваз кардани раҳбари идораи мудофиа расидааст.

Валерий Ҳелетей, ки дар моҳи июл ба мақоми вазири дифоъ таъин шуда буд, ҳафтаҳои ахир барои ҳалокати тақрибан сад низомии украинӣ дар амалиёт дар шаҳри Илловайск мавриди интиқоди шадид қарор дошт. Охирҳои моҳи август садҳо нафар дар канори бинои вазорати мудофиа ҷамъ омада, истеъфои Ҳелетейро талаб карда буданд.

XS
SM
MD
LG