Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодиёт ба Жан Тирол эъто шуд


Иқтисоддони фаронсавӣ Жан Тирол барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодиёт эълон шуд. Кумитаи Нобел рӯзи 13 октябр хабар дод, ки ҷоиза ба Жан Тирол барои асарҳояш оид ба мушкилоти пешсафии ширкатҳои бузурги олам дар ин он бозори мушаххаси молу хизматрасонӣ ва методҳои муассири назорати давлатии ин бозорҳо эъто шудааст.

Жан Тирол дуввумин шаҳрванди Фаронса аст, ки соли равон ба дарёфти ҷоизаи Нобел муваффақ мешавад – ҳафтаи гузашта Фарҳангистони шоҳигарии Шветсия адиби фаронсавӣ Патрик Модианоро ба ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт лоиқ дониста буд.

Ҷоиза дар бахши иқтисодиёт ягона ҷоизаест, ки донишманди маъруфи швед Алфред Нобел ба он дар васиятномааш ишора накардааст. Ин ҷоиза соли 1968 аз сӯи Бонки Марказии Шветсия ба шарафи 300-солагии таъсиси ин бонк муқаррар шуда буд.

XS
SM
MD
LG