Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамшираҳои шафқат дар Либерия даст ба коршиканӣ заданд


Табибону ҳамшираҳои шафқати Либерия рӯзи душанбе даст ба коршикании умумимиллӣ заданд ва талаб доранд, ки маблағи ҷубронпулӣ барои хатари мубталоӣ ба маризии Эбола боло бурда шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки бештар бо либоси муҳофизатӣ таъмин карда шаванд. Бар асари ин вируси хатарнок дар Либерия аллакай 95 корманди тиб ҷон бохтаанд.

Мақомоти беҳдошти Либерия мегӯянд, ки тавони иҷрои талабҳои эътирозгаронро надоранд. Аз нигоҳи онҳо, коршиканӣ ба вазъи мубиалоёни Эбола таъсири манфӣ мегузорад ва садди роҳи пешрафт дар роҳи ҷилавгирӣ аз хурӯҷи маризӣ мешавад.

Бар асари хурӯҷи вабои Эбола дар чанд кишвари Африқои Ғарбӣ беш аз 4000 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG