Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳиндустон рафъи паёмадҳои тӯфони "Ҳудҳуд" шурӯъ шуд


Дар соҳилҳои шарқии Ҳиндустон рӯзи душанбе рафъи паёмадҳои тӯфони “Ҳудҳуд” шурӯъ шуд. Мақомот хисороти расида ба аёлатҳои Андхра-Прадеш ва Ориссаро, ки дар он ҷо шаш нафар ба ҳалокат расидаанд, ҳисобу китоб мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, аз минтақаи хатарнок тақрибан 400 ҳазор нафар кӯчонида шуданд, мақомоти маҳаллӣ онҳоро дар 223 қароргоҳи муваққат ҷойгир карданд. Бар асари офати табиӣ дар ин ду аёлат биноҳои зиёде хароб ва садҳо дарахт аз бех канда шудааст.

Мақомот аз он ҳарос доранд, ки дар аёлати Орисса бар асари тӯфон ва боронгариҳои шадиди рӯзҳои оянда обхезӣ ба амал меояд ва мавзеъҳои зиёде зери об хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG