Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ношинос ба ҷони "волии мардумӣ" сӯиқасд карданд


Собиқ волии «мардуми»-и Ҷумҳурии мардумии Донетск Павел Губарев баъд аз як сӯиқасд дар ҳоли беҳушӣ ба як бемористони шаҳри Ростови соҳили Дон интиқол ёфт.

Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, мошини Павел Губарев, раҳбари ҷунбиши «Новороссия», рӯзи душанбе дар шоҳроҳи Ростови соҳили Дон-Донетск аз сӯи афроди ношинос тирборон шуд. Мусоҳибони хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ин ҳодиса дар қаламрави Ҷумҳурии мардумии Донетск рӯй додааст.

Як рӯз пеш Губарев дар саҳифааш дар Facebook навишта буд, ки рӯзи 13 октябр изҳороти муҳим пахш хоҳад кард. Қаблан Павел Губарев аз ду сӯиқасд ҷон ба саломат бурда буд.

XS
SM
MD
LG