Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Толибон" масъулияти ҳамла ба низомиёни НАТО-ро бар дӯш гирифт


Дар Кобул як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори ду зиреҳпӯши нерӯҳои байнулмилалӣ инфиҷор кард. Ба иттилои намояндаи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 13 октябр ба вуқӯъ пайваст, ба сарбозони хориҷӣ осеб нарасидааст.

Айюб Солангӣ, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон, дар Твиттер навишт, ки бар асари таркиш як сокини осоишта кушта шуда, се каси дигар ҷароҳат бардошт. Генерал Фарид Афзалӣ, раиси полиси зидди ҷиноёти шаҳри Кобул ҳам кушта шудани як афғонhj тайид кард ва гуфт, ки се шаҳрванди хориҷӣ сатҳӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаи маргталабона дар шоҳроҳи Ҷалолобод рӯй дод, ки он ҷо пойгоҳи низомии амрикоӣ ва қароргоҳи СММ ҷойгир шудаанд.

Намояндаи «Толибон» Забеуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ кард, ки ҳамларо ҷангиёни ин ҷунбиш анҷом додаанд ва ҳадафаш – низомиёни хориҷӣ буданд.

XS
SM
MD
LG