Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Украина ба истеъфо рафт


Валерий Ҳелетей
Валерий Ҳелетей

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина истеъфои вазири дифоъ Валерий Ҳелетейро пазируфт. Дар сомонаи интернетии раисиҷумҳур рӯзи 12 октябр гуфта шудааст, Порошенко дарк намуд, ки замони иваз кардани раҳбари идораи мудофиа расидааст.

Қарор аст, ки раисиҷумҳур рӯзи душанбе номзадии вазири нави мудофиаро ба парлумон ироа кунад.

Валерий Ҳелетей, ки дар моҳи июл ба мақоми вазири дифоъ таъин шуда буд, ҳафтаҳои ахир барои ҳалокати тақрибан сад низомии украинӣ дар амалиёт дар шаҳри Илловайск мавриди интиқоди шадид қарор дошт. Охирҳои моҳи август садҳо нафар дар канори бинои вазорати мудофиа ҷамъ омада, истеъфои Ҳелетейро талаб карда буданд.

Бар пояи хабари сомонаи раисиҷумҳури Украина, Петро Порошенко Кумитаи кашф ё разведкаро таъсис кард ва Игор Смешкоро раиси ниҳоди нав таъин намуд.

XS
SM
MD
LG