Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сония Мирзо дар намоиши мӯд дар Деҳлӣ ширкат кард


Машҳуртарин теннисбози ҳинд Сония Мирзо барои нахустин бор дар намоиши мӯд дар шаҳри Ню-Деҳлӣ ширкат кард. Дар Ҳафтаи мӯди ҳинд ӯ офаридаҳои тарроҳи машҳур Риту Панде муаррифӣ кард.

Сония Мирзо иқрор кардааст, ки чун ҳар духтар либоси зебо пӯшиданро дӯст медорад, аммо ба равандҳо дар олами мӯд кӯр-кӯрона пайравӣ намекунад. Ҳамзамон ӯ афзудааст, вақте ҳангоми бозии теннис ба пироҳани ӯ таваҷҷуҳ мекунанд, хело нороҳат мешавад.

Сония Мирзо маъруфтарин теннисбози ҳинд аст. Ӯ се бор дар бозиҳои “Болшой шлем” ё “Кӯлоҳи бузург” дар чемпионатҳои бози Австралия, Фаронса ва ИМА пирӯз шудааст.

Ҳафтаи мӯди Ҳиндустон рӯзи 15 октябр бо намоиши офаридаҳои тарроҳи шинохта Рохит Бал поён меёбад. Имсол маросими хатми Ҳафтаи мӯд зери гунбади осмон – дар маҷмааи бостонии Қутб Манор баргузор мешавад. Зимнан, дар ин ҷо баландтарин дар олам манораи хиштин ҷойгир шудааст.

Аз ин пеш Сония Мирзо барои бо либоси, аз нигоҳи рӯҳониёни мусалмони ҳинд, ғайришаръӣ ба майдони теннис баромадан мавриди интиқоди тундравҳо қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG