Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи афроди низомипӯш ба бинои полиси Мазори Шариф


Ду марди либоси полиси афғон дар тан рӯзи 12 октябр ба бинои ситоди полис дар маркази вилояти Балх ҳамла карда, ду тан аз афсаронро куштанд.

Шер Ҷон Дӯронӣ, намояндаи полиси вилоят гуфт, ки ҳамлагаронро дар канори дарвозаи дуввуми бинои қароргоҳи полис дар шаҳри Мазори Шариф ошкор карданд. Дар тирандозӣ ҳарду ҳамлагар кушта шуда, нӯҳ корманди полис маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Кобул ангушти иттиҳом сӯи ҷангиёни “Толибон” карданд, ки дар арафаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли равон ҳамлаҳо ба нерӯҳои амниятии афғонро афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG