Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ромадӣ боиси ҳалокати раиси полиси Анбор шуд


Мақомоти Ироқ аз ҳалокати раиси полиси вилояти Анбор бар асари таркиш хабар доданд. Фолеҳ ал-Исавӣ, муовини раиси шӯрои вилоятии Анбор, рӯзи 12 октябр ба хабаргузориҳо гуфт, ки генерал Аҳмад ал-Дулаймӣ бар асари инфиҷор дар назди корвони мошинҳояш дар шимоли шаҳри Ромадӣ кушта шудааст.

Аз ин пеш шӯрои вилояти Анбор аз ҳукумати Ироқ хоста буд, ки ба хотири мубориза бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» барои вуруди сарбозони пиёданизоми амрикоӣ ба минтақа иқдом кунад. Айни ҳол ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар Ироқ зарба мезананд. Аммо нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ баргузории ҳама гуна амалиёти заминии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави кишварро рад мекунад.

Бар пояи як иттилои дигар аз Бағдод, бар асари таркиши мошинҳои ҳомили маводи тарканда, ки шабона дар ду минтақаи шианишини пойтахти Ироқ сурат гирифтанд, дасти ка 38 нафар ҷон бохтанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG