Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Берлин сатҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ бо Маскавро пойин бурд


Олмон тасмим гирифт, ки сатҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ бо Русияро бино ба бӯҳрони Украина пойин барад. Маҷаллаи олмонии Spiegel рӯзи якшанбе хабар дод, ки Берлин аз ширкат дар машваратҳои қаблан тарҳррезишуда бо Маскав дар сатҳи вазирон ва нахуствазирҳо сарпечӣ мекунад. Spiegel бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати Олмон гуфтааст, ки ин тасмим бо нақши Русия дар низоъи Украина рабт дорад.

Аз ин пеш машваратҳои байниҳукуматӣ миёни Олмону Русия ҳамзамон бо нишастҳои форуми "Петербургский диалог" сурат мегирифтанд. Ин форум соли 2001 аз сӯи раҳбарони ду кишвар таъсис шудааст. Қарор буд, ки имсол ин форму охирҳои моҳи октябр дар шаҳри Сочи баргузор шавад, аммо то ҳол дар бораи мулоқотҳои эҳтимолӣ миёни ҳайатҳои Олмону Русия ягон хабари расмӣ нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG