Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати се афсари воломақоми полиси Эрон дар суқути ҳавопаймо


Дар Сиистону Балуҷистон гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъоланд

Дар Сиистону Балуҷистон гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъоланд

Бар асари суқути ҳавопаймо дар Эрон ҳафт нафар, аз ҷумла, се афсари воломақоми полис ба ҳалокат расиданд. Бар навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ин ҳодиса рӯзи 12 октябр дар ҳоле рӯй дод, ки ин гурӯҳ барои тафтиши ҳамлаҳо ба кормандони амниятӣ аз Теҳрон ба шаҳри Зоҳидон, маркази вилояти Сиистону Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, сафар мекард. Дар суқути ҳавопаймо муовини раиси назорати полисии Эрон, ду фармондеҳи нерӯҳои полис ва чаҳор ғайринизомӣ ҷон бохтаанд.

Шурӯъ аз рӯзи 8 октябр бар асари ҳамлаҳоҳо дар вилояти Сиистону Балуҷистон 5 корманди нерӯҳои амниятии Эрон кушта шуданд. Пораҳои ҳавопайморо дар як минтақаи кӯҳӣ ошкор карданд.

Фармондеҳи полиси марзбонии Эрон гуфт, ки ҳавопаймо ҳадафи зарбаи мушак қарор нагирифтааст ва айни ҳол тафтиши сабабҳои суқути он тафтиш мешавад.

Вилояти Сиистону Балуҷистон, ба иддаои Теҳрон, бар асари ҳузури гурӯҳҳои ифротгаро ва қочоқбари маводи мухаддир аз минтақаҳои ноороми кишвар аст. Бештари сокинони ин вилояти Эрони асосан шианишин пайравони мазҳаби сунниянд.

XS
SM
MD
LG