Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко бо Путин дар Италия мулоқот мекунад


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки вай ҳафтаи оянда бо Владимир Путин-ҳамтои руси худ мулоқот ва муноқиша дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунад. Вай зимни суханони худ 11 октябр дар Харков гуфт, ин мулоқот дар Милани Италия сурат хоҳад гирифт. Дар Милан 16-17 октябр мулоқоти раҳбарони Аврупо-Осиё дар назар гирифта шудааст.

Порошнко афзуд, дар мулоқоти вай бо Путин Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Маттео Рензӣ-нахуствазири Италия ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ширкат хоҳанд дошт. Порошенко гуфт, “Ман фикр намекунам, ки ин мулоқоти соддае хоҳад буд, вале ман хушбинам”.

Путин ва Поршенко бори ахир моҳи август бо ҳам дидор доштанд ва он бо эълони оташбаси миёни нируҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия анҷом ёфт. Ин оташбас аз 5 сентябр эътибор пайдо кард.

Дар давоми шаш моҳи баъд аз оғози даргириҳо дар Украина беш аз 3 300 нафар кушта шудаанд, вале баъд аз эълони оташбас 300 нафар ба қатл расидаанд.

XS
SM
MD
LG