Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донетск 3 ғайринизомӣ кушта шудааст


Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия иддао мекунанд, ки дар тирандозие дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина 3 нафар шаҳрвандони ғайринизомӣ кушта шудаанд. Шаҳрдории Донетск, ки ҳоло дар дасти ҷудоихоҳон аст, 10 октябр дар эъломияе гуфт, ки дар натиҷаи амалиёти низомӣ 3 шаҳрванд кушта, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузоришҳо, тирандозӣ шабона ҳам дар ноҳияи Куйбишеви шаҳри Донетск давом кардааст. Дар натиҷаи ин тирандозӣ баъзе хонаҳои иқоматӣ осеб дидаанд ва сӯхтор ҳам ба амал омадааст.

Александр Захарченко-нахуствазири ҷумҳурии худхондаи Донетск 11 октябр гуфт, ки “марҳилаи оромӣ” дар Донетск фаро расидааст. Захарченко афзуд: “Агар нируҳо 5 рӯзи дигар оромиро риоят кунанд, аслиҳаи вазнин аз шаҳр берун бурда мешавад”.

СММ мегӯяд, аз замони имзои мувофиқатномаи оташбас дар 5 сентябри соли ҷорӣ то ҳол дар шарқи Украина 300 нафар кугта шудаанд.

XS
SM
MD
LG