Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: "Тоҷикистон иттиҳодияи АвруОсиёро меомӯзад"


Раисони ҷумҳури Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Минск санадҳоро дар бораи барҳам додани ЕврАзЭС ё Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё имзо карданд. Ин иттиҳодия барои он барҳам мехӯрад, ки дар ҷои он аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар маросими имзо аз барҳам додани ЕврАзЭС ҳимоят кард, вале гуфт, ки кишвараш дар бораи вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баъдтар тасмим мегирад. Вай вай таъкид кард, ки пайвастан ба ин иттиҳодия яке аз афзалиятҳо дар сисёсати хориҷаи кишвараш ба шумор меравад.

Оқои Раҳмон гуфт, “Тоҷикистон бо диққат заминаҳои қонунии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дурнамои фаъолияти онро чун яке аз роҳҳои ҳамгароӣ дар қаламрави Шӯравии пешин меомӯзад, то қадамҳои баъдии худро дар ин самт муайян кунад”.

XS
SM
MD
LG